Президенти Бонки ҷаҳонӣ: Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дорад

            Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вашингтон зимни нишасти матбуотӣ президенти Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик изҳор дошт, ки дар шароити феълии бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, кишварҳои қашшоқтарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз ҳама, Қирғизистону Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи бонк қарор доранд.             Р.Зеллик зикр кард, ки вазъ дар Қазоқистон, Украина ва Русия низ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вашингтон зимни нишасти матбуотӣ президенти Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик изҳор дошт, ки дар шароити феълии бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, кишварҳои қашшоқтарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз ҳама, Қирғизистону Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи бонк қарор доранд.





           

Р.Зеллик зикр кард, ки вазъ дар Қазоқистон, Украина ва Русия низ на он қадр хуб аст ва афзуд, ки дар баробари ин Русия қодир аст, дар чунин шароит ба дигарон кӯмак намояд.




           

«Зимни таҳияи нақшаҳои раҳоӣ аз бӯҳрон ниҳодҳои молиявӣ бояд вазъи кишварҳои қашшоқро низ ба назари эътибор гиранд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки вазъи молиявии Бонки ҷаҳонӣ устувор аст ва дар чунин шароити бӯҳрони молиявӣ низ боиси нигаронӣ буда наметавонад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.