Эътирози ҲНИТ ба амали кормандони милисаи Ҳисор

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо як ариза бобати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти милисаи ноҳияи Ҳисор ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, ариза аз ҷониби муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ба имзо расида дар он зикр мегардад, ки «раҳбарияти ҲНИТ ба иттилоъи Шумо мерасонад, ки мувофиқи барномаи кории ҳизбӣ бояд […]

ASIA-Plus


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо як ариза бобати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти милисаи ноҳияи Ҳисор ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, ариза аз ҷониби муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ба имзо расида дар он зикр мегардад, ки «раҳбарияти ҲНИТ ба иттилоъи Шумо мерасонад, ки мувофиқи барномаи кории ҳизбӣ бояд рӯзи 09.04.13 соъати 13-00 дар ноҳияи Ҳисор мулоқоти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ҳизб баргузор мегашт, аммо кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия бо баҳонаи ин, ки «дар рӯзҳои корӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи доир намудани ҷаласа ё мулоқот бо аъзои хешро надоранд», монеъи баргузории ин мулоқот шуданд.

Дар идома баён мегардад, ки бархе аз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия нисбат ба раҳбари ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидро низ раво диданд.

«Бинобар ин, аз Шумо тақозо мешавад, то барои монеъ шудан ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ нисбат ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор тибқи қонунгузории кишвар оид ба аҳзоби сиёсӣ ва салоҳияту ваколати вакили парлумони кишвар чорандешӣ намоед», – омадааст дар фарҷоми ариза.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Раёсати олии ҲНИТ иттилоияеро пахш намуд, ки дар аз

афзоиши фишору фазосозиҳои номуносиб

болои ҳизб сухан меравад.

Дар иттилоия, аз ҷумла зикр гардида буд, ки шурӯъ аз соли гузашта дар саросари кишвар аз тарафи мақомоти давлатӣ фишорҳои гуногун болои аъзо ва масъулини ҳизб оғоз гардида, соли ҷорӣ ин гуна амалкардҳо афзоиш ёфтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.