Дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк масоли кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молияву бонк, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетикаву саноат, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими муносибот дар бахшҳои соҳибкориву тиҷорат, ҷалби сармоя ва муҳимияти рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ табодули назар сурат гирифт.
Ба натиҷаҳои рушди иқтисоди кишвар ва рӯзмарраву муҳим будани пазируфта шудани Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуда, ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин масъалаҳои натиҷаи ҷаласаи Комисссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо, ки аввали моҳи март дар Душанбе баргузор шуд ва тақвияти фаъолияти он низ баррасӣ шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот инчунин ҷараёни корҳои омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи президенти Украина Виктор Янукович ба Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.



