Ташрифи нахустин ҳайати тиҷоратии бритониёӣ ба Тоҷикистон

Нахустин ҳайати тҷоратии Британияи Кабир иборат аз намояндагони 9 ширкатҳои соҳаҳои гуногун рӯзи 15-уми апрел ба Душанбе ташриф меорад. Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони ҳайат имкониятҳои савдо ва сармоягузори дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри равнақи ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор кӯшиш ба харҷ хоҳанд […]

ASIA-Plus


Нахустин ҳайати тҷоратии Британияи Кабир иборат аз намояндагони 9 ширкатҳои соҳаҳои гуногун рӯзи 15-уми апрел ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони ҳайат имкониятҳои савдо ва сармоягузори дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри равнақи ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Ба ҳайат директори ширкати Бритиш Экспертиз (British Expertise) ва Гурӯҳи Маълумот оиди Бизнес дар Осиёи Маркази ва Қафқоз (CATBIG) Найҷел Петерс сарварӣ хоҳад кард.

Намояндагони ҳайати тиҷоратӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, мушовири давлатии президент дар умури иқтисод Фаррух Ҳамраалиев ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов мулоқот хоҳанд кард. Дар назар аст, ҳайат бо як зумра соҳибкорон, вазоратҳо ва намояндагии ташкилотҳои маблағгузор вохӯрӣ анҷом диҳанд ва аз имконотҳои фаъолият дар Тоҷикистон шиносоӣ пайдо кунанд. Дар рафти сафари худ соҳибкорони бритониёӣ маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасониро ба соҳибкорони Тоҷик пешниҳод хоханд кард.

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд Смит зикр намуд: «Ман аз ташрифи аввалини ҳайати тиҷоратии Бритониё ба Душанбе истиқбол менамоям. Ин ташриф як қадами муҳим дар амалигардонии яке аз соҳаҳои стратегияи мо дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳибкорони Бритониё дар мавриди Тоҷикистон мебошад. Ман умедворам, ки намояндагони ширкатҳои бритониёӣ имкониятҳои мушахаси ҳамкориро дар Тоҷикистон пайдо менамоянд, ки ба манфиати ҳарду тараф аст ва онҳо ба Бритониё баргашта, ҳамчун сафирони равнақ додани равобити иқтисодӣ бо Тоҷикистон мешаванд».

«Ман хело шодам, ки аввалин ҳайати тиҷоратии Бритониё ба Тоҷикистонро сарварӣ менамоям. Ман ба Тоҷикистон дар соли 2010 барои иштирок дар конфронси соҳибкорон, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо баргузор шуда буд, ташриф оварда будам. Инчунин ман моҳи сентябри соли гузашта бо даъвати сафорати Бритониё барои тайёр намудани ҳисоботи «Тоҷикистон: Имкониятҳо барои соҳибкорони Бритониё» омада будам. Ва ташрифи ҳайати тиҷоратӣ инчунин аз ин ҳисобот сарчашма мегирад. Мо гурӯҳи хуби ширкатҳои соҳаҳои гуногунро ҷамъ овардем. Ширкатҳои зикршуда мехоҳанд бо соҳибкорони Тоҷик равобити дуру дароз дошта бошанд ва мумкин дар оянда намояндагиҳои худро дар Тоҷикистон кушоянд. Инчунин, ман имкониятҳо барои ширкатҳое ки натавонистанд ба Тоҷикистон биёянд, баррасӣ менамоям», – гуфт Найҷел Петерс директори Бритиш Экспертиз (British Expertise) ва CATBIG.


Рӯйхати ширкатҳои ҳайати ти


ҷ


оратии Бритониё, ки ба То


ҷ


икистон меоянд:

Найҷел Петерс – WYG International:

http://www.wyg.com/services/services.php?mainservice=6

Гэоф Сваинсон – Eagle Scientific:

http://www.eagle-scientific.co.uk/

Уиллиам Керслей и Соран Сейде – Kay International Plc:

http://www.kayint.co.uk/

Карлос Ариас – Mabey Bridge:

http://www.mabeybridge.com/

Вим Верхойт – Mott MacDonald:

http://www.mottmac.com/

Павел Мушкин – SRK Consulting:

http://www.srk.com/en

Крис Пеарсон и Даниела Васильева – Unit Export Limited:

http://www.toomey.uk.com/Companies/UE/templates/index.html

Надежда Викнянская – Colvir:

http://www.colvir.com/en/

Грегор Моварт – KPMG:

http://www.kpmg.com/UK/en/Pages/default.aspx

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.