Лату кӯби кормандони тарабхонаи пойтахт аз ҷониби милисаҳо

ASIA-Plus


Ҳайати кормандони тарабхонаи «Кебаб-Хаус»-и пойтахт мавриди лату кӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтанд.

Кормандони ҷабрдида ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, қазияро шарҳ доданд. Ба гуфтаи Марат, пешхизмати тарабхона, нимашаб ҳангоме ки онҳоро (7 нафар) микроавтобус ба хонаҳояшон мебурдааст, дар назди беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон кормандони БДА ва ОМОН автомашинаи онҳоро нигоҳ медоранд. Сипас як корманди ОМОН аз онҳо ҳуҷҷат пурсида, баъди азназаргузаронии шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ, шиносномаи худи ронандаро талаб мекунад.

Вақте ронанда мегӯяд, ки бо кадом асос аз ӯ шиносномаи шахсӣ талаб карда мешавад, корманди ОМОН бо тамоми қувва ба рӯи ӯ зарба мезанад ва фарёд мекунад, ки «ту ҳоло ҳуқуқҳоятро ҳам медонӣ?!». Сипас мили автоматро ба ҷониби ронанда рост кардааст.

Ба қавли ӯ, ошпази дар паҳлӯи ронанда нишаста кӯшиш кардааст, ки ба ҷанҷол хотима бахшад, вале корманди ОМОН бо пойҳояш ба лату кӯби ӯ оғоз кардааст.

Сипас қарор кардаанд, ки ба шуъбаи милиса мераванд ва баъди чанд муддате дар ҳавлии сарди шӯъба қарор доштан, онҳоро ба беморхонаи табобати нашъамандӣ мефиристанд. Пас аз гирифтани натиҷаҳои манфӣ, соати 4-и субҳ онҳоро ба хонаҳояшон рухсат медиҳанд.

Рӯзи дигар, 18-уми апрел онҳо ба прокуратураи ноҳияи Сино нисбат ба амали ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навиштаанд. «Он шаб мо ба худсарӣ ва қонуншикании комил дучор шудем ва мақомотро аз ин огоҳ карданием, то ки чораҳои зарурӣ андешида шаванд», – гуфтанд ҷардидагон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...