Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми куштор дар Санкт-Петербург

Дар доираи тафтиши ҳодисаи муноқишаи дастаҷамъона дар бозори Сеннийи шаҳри Санкт-Петербург, ки дар он зодаи Кабардино-Балкарияи Русия ба ҳалокат расид, ба як шаҳрванди Тоҷикистон расман айбнома пешниҳод шуд. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, Оламафрӯз Исмоилови 21-сола ба он муттаҳам дониста мешавад, ки зимни муноқишаи дастаҷамъона бо иштироки 10 нафар аз рӯйи хусумати шахсӣ […]

ASIA-Plus


Дар доираи тафтиши ҳодисаи муноқишаи дастаҷамъона дар бозори Сеннийи шаҳри Санкт-Петербург, ки дар он зодаи Кабардино-Балкарияи Русия ба ҳалокат расид, ба як шаҳрванди Тоҷикистон расман айбнома пешниҳод шуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, Оламафрӯз Исмоилови 21-сола ба он муттаҳам дониста мешавад, ки зимни муноқишаи дастаҷамъона бо иштироки 10 нафар аз рӯйи хусумати шахсӣ ба ҷабрдида шаш маротиба бо корд зарба задаст, ки бар асари он ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Зикр мегардад, ки пас аз муноқиша Исмоилов пинҳон шуда, ба шаҳри дигар рафтанӣ будааст, вале дар қатораи самти Санкт-Петербург-Ковров аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, зимни пурсиш Исмоилов софдилона пурра ба гуноҳи худ иқрор шудааст ва айни замон тафсилоти куштор мавриди таҳқиқ қарор дошта, оид ба ҳабси боздоштшуда қарор қабул мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.