Курсҳои таълимии сафорати ИМА барои кормандони мақомоти интизомӣ

Роҳбари бахши минтақавии хадамоти таъмини амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Патрик Беллингер 20 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президентии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Такмили ихтисоси омӯзгорон» табрик намуд.  Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, курси мазкур дар доираи фаоъолиятҳои Барномаи ёрии зиддитеррористӣ […]

ASIA-Plus


Роҳбари бахши минтақавии хадамоти таъмини амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Патрик Беллингер 20 корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президентии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Такмили ихтисоси омӯзгорон» табрик намуд. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, курси мазкур дар доираи фаоъолиятҳои Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (ATA) омода гардида шуд.

Ба иттилои манбаъ, курси номбаршуда аз мавзӯъҳои омода намудани системаи омӯзишӣ, малакаҳои равобит ва баромад, банақшагирӣ ва омода намудани дарсҳои омӯзишӣ иборат буд    Инчунин, дар давоми таълим иштирокчиён бо мавзӯъҳои гуногун оид ба масоили терроризм ва зиддитерроризм шинос шуданд.

Ҷаноби Беллингер қайд намуд,ки курси таълимии «Такмили ихтисоси омӯзгорон» яке аз силсилаи курсҳои омӯзишии Барномаи ёрии зиддитеррористии (АТА) барои соли 2013 ба нақша гирифта буда, бо дастгирии Сафорати  ИМА гузаронида мешавад.  Эшон инчунин ба иштирокчиёни курс барои кӯшишу талошҳои ҳаррӯзаашон дар мубориза алайҳи терроризм изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар таълими муттахассисони нави хадамоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намуд. 

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст.  Он механизми асосии Ҳукумати ИМА баҳри таъмин намудани барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои ҳамшарики ИМА, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағи беш аз 1миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.