Беш аз 9 млн. $-и БОР барои беҳбуди рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон

Барои мусоидат ба беҳбуди рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон тавассути таъмини шароити убури зудтар, пешгӯишаванда ва пурсамари марзҳо, Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 9,2 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, кӯмаки мазкур қисмате аз Лоиҳаи минтақавӣ оид ба такмили фаъолияти хадамоти марзбонӣ […]

ASIA-Plus


Барои мусоидат ба беҳбуди рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон тавассути таъмини шароити убури зудтар, пешгӯишаванда ва пурсамари марзҳо, Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 9,2 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, кӯмаки мазкур қисмате аз Лоиҳаи минтақавӣ оид ба такмили фаъолияти хадамоти марзбонӣ мебошад, ки Тоҷикистону Қирғизистонро фаро гирифта, ба суръатбахшии рушди тиҷорат дар фазои Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) ва ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон нигаронида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни амалисозии лоиҳа дар Тоҷикистон баҳри беҳбуди фаъолияти гузаргоҳи марзии «Гулистон», воқеъ дар роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Ӯш, бино ва иншооти зерсохтори санҷиш ва низоми обтаъминкуниву обу корез бунёд гардида, ҳамчунин гузаргоҳ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳад шуд.

«Барои ба тартиб овардани пешниҳоди маълумот оид ба савдову нақлиёт ва таъмини мутобиқати маълумот ба талаботи байнулмилалӣ, дар доираи лоиҳа аз бунёди низоми миллии «равзанаи ягона» низ дастгирӣ хоҳад шуд», – зикр карданд дар намояндагии БОР.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар доираи маблағгузорӣ ҳамчун шарик ба ин лоиҳа 1,9 млн. $ маблағ ихтисос медиҳад. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2017 дар назар аст. Вазорати рушди иқтисоду ва савдои ҶТ агентии иҷрокунанда ва Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТИ – агентии амалисозии лоиҳа мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.