Муроҷиатномаи парлумон ба Думаи давлатии Русия

Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти манфии чанде аз мансабдорони Русия нисбати Тоҷикистон ба унвони Думаи давлатии Русия муроҷиатнома қабул шуд. Дар муроҷиатнома таъкид мегардад, ки дар тамоми муддати таърихи муносибатҳои сиёсӣ Тоҷикистону Русияро муносибатҳои стратегии шарикӣ ва дӯстии анъанавӣ ба ҳам мепайванданд, вале мутаассифона, ахиран дар ВАО-и Русия […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти манфии чанде аз мансабдорони Русия нисбати Тоҷикистон ба унвони Думаи давлатии Русия муроҷиатнома қабул шуд.

Дар муроҷиатнома таъкид мегардад, ки дар тамоми муддати таърихи муносибатҳои сиёсӣ Тоҷикистону Русияро муносибатҳои стратегии шарикӣ ва дӯстии анъанавӣ ба ҳам мепайванданд, вале мутаассифона, ахиран дар ВАО-и Русия пай дар пай изҳороти иғвогарона нисбати Тоҷикистон ба назар мерасанд.

«Бо истифода аз ВАО-и Русия бо изҳороти носаҳеҳ, тӯҳматомез, таҳрифшуда ва хусуматомез шахсони мансабдор, арбобони маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятии Русия ибрози назар мекунанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ аст», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, суханронии чанде қабли муовини раиси Думаи давлатӣ, пешвои Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский дар барномаи «Поединок»-и телевизони давлатии «Россия» аз ҷумлаи чунин изҳорот аст.

«Суханронии таҳқиромезу дорои хусусияти манфии Жириновский нисбат ба сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми он комилан ба рӯҳияи дӯстӣ ва шарики стратегии кишварҳо созгор нест ва ин шахс намояндаи элитаи сиёсии Русия аст. Кӯшишҳои бо ин васила машҳур гардидани сиёсатмадорон ва арбобони ҷамъиятии Русия метавонад таъсири манфӣ ва оқибатҳои нохуш ба бор оварад», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ чунин изҳоротро қотеъона маҳкум намуда, аз Русия боисрор даъват намуданд, ки зимни изҳори назар дар ВАО нисбати Тоҷикистон аз маълумоти саҳеҳу боэътимод кор гиранду мулоҳизаву ҳусни одобро фаромӯш насозанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зимни ифтитоҳи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров

пешниҳод намуд

, ки масъалаи маъракаи зиддитоҷикии ахиран аз ҷониби ВАО ва сиёсатмадорони ҷудогонаи Русия роҳандозишуда баррасӣ гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.