Даъвои роҳбаладони қатораро суд қонеъ накард

Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои 12 нафар роҳбаладони қатора нисбати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба барқарор шудан дар ҷойи кори пештара ва ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи дастаҷамъиро қонеъ накард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати даъвогарон Саидбек Нуриддинов хабар дод,  ин қарори суд ҳоло ба дасти ӯ нарасидааст ва ӯ огаҳ нест, ки он бо […]


Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои 12 нафар роҳбаладони қатора нисбати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба барқарор шудан дар ҷойи кори пештара ва ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи дастаҷамъиро қонеъ накард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати даъвогарон Саидбек Нуриддинов хабар дод,  ин қарори суд ҳоло ба дасти ӯ нарасидааст ва ӯ огаҳ нест, ки он бо кадом асос қабул шудааст.

«Сарфи назар аз ҳама гуна асосҳои суд, ман ин қарорро ғайриқонунӣ мешуморам, зеро тибқи моддаи 3-и Кодекси меҳнати ҶТ, шартҳои созишномаҳову қарордодҳое, ки дар муқоиса ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба бад шудани вазъи коргарон оварда мерасонанд, ғайриҳаққонӣ шуморида мешаванд. Ба гуфтаи зерҳимоягони ман, онҳо умуман дар бораи мавҷудияти чунин шартномаи дастаҷамъӣ ва мутобиқи он, дар сурати аз қатора дарёфт шудани маводи мухаддир имкони аз ҷониби корфармо яктарафа бекор шудани он хабар надоштаанд», – гуфт Нуриддинов.

Адвокат бар ин назар аст, ки судя таҳти фишор қарор гирифтааст. Ӯ афзуд, ки роҳбаладон шояд аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ набаранд, «вале ин маънои онро надорад, ки онҳо ноҳаққанд, балки ин ҷо сухан сари боадолат будани низоми судӣ меравад».

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел 12 нафар роҳбаладони қатора аз болои мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд.

Парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба «ғайриқонунӣ аз кор озод кардан»-и 22 нафар роҳбаладони қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Маскав баррасӣ мешавад, ки аз дохили он ахири моҳи январи соли равон 27 кило маводи мухаддири героин мусодира шуда буд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тибқи шартномаи дастаҷамъӣ (коллективӣ) 22 нафар роҳбаладонро аз кор озод намуда, дар санад зикр мегардад, ки дар сурати дар қатора дарёфт шудани маводи мухаддир, корфармо ба якҷониба бекор кардани шартнома ҳуқуқ дорад, аммо даъвогарон изҳор намуданд, ки онҳо ба героини дарёфтшуда ҳеҷ муносибате надоранд ва гузашта аз ин, онҳо умуман аз шартномаи дастаҷамъонаи баимзорасида миёни корфармо ва иттифоқи касабаи корхона огаҳие надоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.