Маъракаи кишти пунбадона дар арафаи анҷомёбист

Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то аввали ҳафтаи равон дар майдони беш аз 86%-и нақшаи пешбинишуда пунбадона кишт карда шуд. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 22-юми апрел кишоварзони тоҷик аз майдони 200 ҳазор гектари тибқи нақша пешбинишуда, дар зиёда аз 172 ҳазор гектар кишти пунбадонаро анҷом доданд. Тақрибан дар […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то аввали ҳафтаи равон дар майдони беш аз 86%-и нақшаи пешбинишуда пунбадона кишт карда шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 22-юми апрел кишоварзони тоҷик аз майдони 200 ҳазор гектари тибқи нақша пешбинишуда, дар зиёда аз 172 ҳазор гектар кишти пунбадонаро анҷом доданд. Тақрибан дар 6,7 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, барои саривақт ва хушсифат анҷом додани маъракаи кишти пунбадона 402 адад тухмипошакҳо сафарбар шуда, соли равон асосан навъҳои пунбадонаи «Флора», «Кармен», «Намангон», «Истиқлол», «Ҳисор» ва ғайра кишт мешаванд.

Дар вилояти Хатлон то имрӯз аз нақшаи пешбинишудаи 131,2 ҳазор дар зиёда аз 120 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ба 91,7%-и нақша баробар аст. Деҳқонони шаҳри Қӯрғонтеппаву ноҳияи Сарбанд аз ҳама пештар кишти пунбадонаро пурра ба итмом расониданд. Дар ноҳияҳои Вахшу Қумсангир ва Бохтару Қубодиён маъракаи кишти пунбадона дар арафаи анҷомёбист.

Дар вилояти Суғд аз майдони умумии 61,2 ҳазори барои кишти пунбадона дар соли равон пешбинишуда дар ҳудуди 47 ҳазор гектар кишти пунбадона анҷом дода шудааст, ки ба 77%-и нақша баробар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ аз нақшаи умумии 7,6 ҳазор гектар дар 5 ҳазор гектар гектар пунбадона кишт шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.