Даъвати Олмон ба сармоягузорӣ ба бахши энергетика

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, ки ҷиҳати иштирок дар чорабинии байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ – имкониятҳо ва фурсатҳо барои иштироки иқтисодиёти Олмон», дар шаҳри Берлини Олмон қарор дорад, дар мавзӯи «Дурнамо ва имкониятҳо барои фаъолияти тиҷоратии Олмон дар истифодабарии маҷмӯи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон» маърӯза кард. Бино ба иттилои […]


Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, ки ҷиҳати иштирок дар чорабинии байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ – имкониятҳо ва фурсатҳо барои иштироки иқтисодиёти Олмон», дар шаҳри Берлини Олмон қарор дорад, дар мавзӯи «Дурнамо ва имкониятҳо барои фаъолияти тиҷоратии Олмон дар истифодабарии маҷмӯи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон» маърӯза кард.

Бино ба иттилои шуъбаи Котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар маърӯза изҳори назар карда шуд, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи электроэнергетика яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Дар маърӯза зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмак ва ҳамкориҳо бо Олмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар 28 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика, ки аз ин 7 сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ ва 21 адад лоиҳаҳои таҷдид ва азнавсозӣ ба ҳисоб меравад, ба маблағи умумии 2 млрд. доллари ИМА амалӣ карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Гул Шералӣ дар доираи ин сафар дар асоси Ёддоштҳои Тафоҳуми баимзорасида, бо Роҳбарияти Агентии энергетикии Олмон «Dena», ширкатҳои DPU Investment Gmbh ва ВАЕ Batterien Gmbh, ANDRITZ Hydro Gmbh ва Voith Hydro Gmbh» вохӯриҳои судманд анҷом дод.

«Зимни вохӯриҳо ба масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои таҷдиду азнавсозии НБО-ҳои амалкунанда, рушди шарикии Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, мусоидат дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии Тоҷикистон дар баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетика, инчунин рушди энергияи офтобӣ диққати хосса дода шуд», – гуфта мешавад дар иттилои шуъбаи котиботи вазорат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.