Кӯмакпулии шаҳрдории Душанбе ба собиқадорони ҶБВ

Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе ба иштирокчиёну собиқдорон кӯмаки якдафъаинаи пулӣ мерасонад. Дар ин робита бо қарори раиси пойтахт Маҳмасдсаид Убайдуллоев, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 570 ҳазору 800 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ба […]

Аваз Юлдошев


Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе ба иштирокчиёну собиқдорон кӯмаки якдафъаинаи пулӣ мерасонад.

Дар ин робита бо қарори раиси пойтахт Маҳмасдсаид Убайдуллоев, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 570 ҳазору 800 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ба ҳар кадоме ба андозаи 700 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 500 сомонӣ ҷудо мекунад.

Кӯмаки мазкур аз 5 то 7-уми май аз ҷониби муовинони раиси шаҳр ба шахсони зикршуда расонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио