7 майи соли 2013 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА бо вакили Конгресс Эни Фалеомаваега дар робита бо рушди имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-фарҳангӣ, инчунин дурнамои хориҷ шудани Нирӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон (ISAF) миёни ду кишвар мулоқот анҷом дод.
Сафир вакили Конгрессро ба таври муфассал бо вазъи минтақа ва дидгоҳи раҳбарият ва ҳукумати Тоҷикистон доир ба роҳҳои минбаъдаи тавсеаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои обу-барқ, саноат, кишоварзӣ, мусоидат ба раванди сулҳу субот ва хуруҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон шинос кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи тавсеа бахшидан ба муносибатҳои байнипарлумонии дуҷониба ва фаъолияти Гурӯҳи ҷонибдорони Осиёи Марказӣ дар Конресси ШМА табодули назар анҷом доданд.


