Дар марзи се кишвар заминларза рух дод

            Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод. Заминларза соати 20-у 53 дақиқаи вақти Душанбе ба амал омад. Мувофиқи маълумоти пойгоҳи зилзиласанҷии Душанбе, маркази он дар масофаи 450 километрии самти шимолу шарқии пойтахти ҷумҳурӣ воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан   6,5 баллро […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод. Заминларза соати 20-у 53 дақиқаи вақти Душанбе ба амал омад. Мувофиқи маълумоти пойгоҳи зилзиласанҷии Душанбе, маркази он дар масофаи 450 километрии самти шимолу шарқии пойтахти ҷумҳурӣ воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан

 

6,5 баллро ташкил дод. Қувваи зилзила дар Душанбе 3,4 ва Хоруғ 4,5 баллро ташкил додааст.





           

Дар бораи осебдидагон ва хисороти молӣ маълумоте дастрас нашудааст. Дар ҳамин ҳол, дирӯз тақрибан соатҳои 13-у 28 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод, ки маркази он дар масофаи 143 километрии самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе (водии Рашт) ҷойгир буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан

 

4-5 балл, дар Ғарм – 4 балл ва дар шаҳри Душанбе – 3 баллро ташкил дод.




           

Бино ба иттилои сомонаи интернетии радиои «Озодӣ», шаби гузашта чанд заминларза Афғонистон ва Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистонро таккон дод. Дар бораи кадом хисороти моливу ҷонии ин заминларзаҳо то ҳол гузориш нашудааст. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико мегӯяд, зилзилаи қариб шашбалӣ Афғонистонро соати севуними субҳ таккон дод ва марказаш 70-километрии ҷануби Кобул буд.



Қаблан ин марказ ду заминларзаро дар ҷануби Қирғизистон сабт карда буд, ки яке наздики соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ бо иқтидори 6,6 балл дар 50-километрии шарқи Қароқӯли Тоҷикистон ва дуввумӣ бо андаке фосила дар 60-километрии Саритош мушоҳида шудааст. Ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи ин зилзила як заминҷунбии дигар бо иқтидори 5,7 балл дар вилояти Шинҷони Чин сабт шудааст.

 

Ва зилзиланигорони амрикоӣ соати дувоздаҳуним як зилзилаи панҷбаллиро дар айни минтақа дар вилояти Ӯши Қирғизистон сабт кардаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.