Оғози корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» ҳанӯз маълум нест

Оғози корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов хабар дод, айни замон алҳол масъалаи маблағгузории ин корҳо ҳаллу фасл нагардида, аз ҷониби ҳукумати Эрон тамоми воситаҳои зарурии пешбинишуда ҷудо нашудаанд. Ба қавли ӯ, ояндаи наздик як ҳайати ҳукумати Эрон ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур […]

Пайрав Чоршанбиев


Оғози корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов хабар дод, айни замон алҳол масъалаи маблағгузории ин корҳо ҳаллу фасл нагардида, аз ҷониби ҳукумати Эрон тамоми воситаҳои зарурии пешбинишуда ҷудо нашудаанд.

Ба қавли ӯ, ояндаи наздик як ҳайати ҳукумати Эрон ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур ба Душанбе ташриф меорад.

Вазир ҳамчунин афзуд, ки аҳолии кишвар пешакӣ, тақрибан як моҳ то оғози корҳои бозсозӣ дар иншооти мазкур дар бораи қатъи ҳаракати нақлиёт тавассути ин нақб огоҳ карда хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд.

Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Номбурда ҳамчунин гуфта буд, анҷоми корҳои бозсозии сохтмони нақби «Истиқлол» ахири моҳи сентябри соли равон дар назар буда, то ахири моҳи май тамоми масолеҳу таҷҳизот ва техника ба иншоот интиқол ва моҳи июн бевосита корҳои бозсозӣ шурӯъ мешаванд.

«Дар тамоми давраи иҷрои корҳои сохтмонии бозсозӣ мо комилан манъ шудани ҳаракати нақлиёт тавассути нақбро дархост намуда, равуои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба воситаи роҳи кӯҳна – ағбаи Анзоб сурат мегирад ва мо имкон дорем, ки роҳ тавассути ағбаро дар муддати якчанд рӯз пурра барои ҳаракати нақлиёт омода намоем», – иброз дошта буд Н. Ҳакимов.

Вазир зикр карда буд, ки аз оғози сохтмон барои бунёди нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА маблағ масраф гардидааст, ки 21 млн. долллари ИМА қарз, 10 млн. доллари ИМА маблағи бурсии Эрон ва боз 7,8 млн. доллари ИМА маблағи ҳукумати ҶТ аст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, паймонкори кулли анҷоми бозсозии сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir интихоб шуд, ки қаблан низ дар он фаъолият дошт. «Мо ба анҷоми бозсозии нақб мутахассисони Чинро ҷалб карданӣ будем, вале баъзе ҷанбаҳои сиёсӣ ба ин имкон надоданд», – иброз дошт вазир ва минбаъд ошкор шуд, ки зери мафҳуми «ҷанбаҳои сиёсӣ» ӯ аз ҷониби сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон мавриди истифода қарор дода шудани нақб дар моҳи июли соли 2006-ро дар назар доштааст.

Ғайр аз ин, зикр кард Ҳакимов, «эрониҳо изҳор намуданд, ки худашон бозсозии нақбро ба итмом мерасонанд ва барои иҷрои корҳои иловагӣ ҷудо кардани воситаҳои бурсӣ ваъда карданд ва аз ин рӯ, мо ба интихоби эрониҳо рӯ овардем». «Мо ягон ширкати чиниро интихоб карданӣ будем, зеро бо ширкатҳои эронӣ кор кардан душвор буда, онҳо дар сухан дигар чиз мегӯянду дар рафтор тамоман ба таври дигар амал мекунанд», – изҳор карда буд вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.