Президент: Ҳудуди 6 ҳазор ҷиноят аз ҷониби ҷавонон дар зарфи 10 сол

Зимни мулоқотбо ҷавонони кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тӯли даҳ соли охир қариб 6 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 174 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон содиршуда ба қайд гирифта шуда, инчунин бо иштироки онҳо дар даҳ соли охир 33 ҳазор ва дар се моҳи аввали соли равон […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқотбо ҷавонони кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тӯли даҳ соли охир қариб 6 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 174 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон содиршуда ба қайд гирифта шуда, инчунин бо иштироки онҳо дар даҳ соли охир 33 ҳазор ва дар се моҳи аввали соли равон 1050 ҷиноят содир гардидааст.

Ба гуфтаи президент, ҳамчунин дар ин муддат 26 ҳодисаи ба қатл расонидани падару модарон аз тарафи фарзандон, аз ҷумла 11 ҳодисаи аз ҷониби ҷавонон рух додани чунин ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

«Боиси таассуф аст, ки дар зарфи панҷ соли охир бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди кишвар 8 ҳазор ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, – иброз дошт ӯ. – Қариб 57 фоизи ин ҳодисаҳои нохуш, яъне 4480 садамаи нақлиётӣ бо гуноҳи ронандагони ҷавон рӯй додааст, ки дар натиҷа 1184 нафар ба ҳалокат расида, 5278 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар идома президент изҳор кард, ки танҳо дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби ронандагони ҷавон 42 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба амал омада, аз соли 2012 то имрӯз 17 садамаи нақлиётии оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳар ҳодиса аз ду то чор нафар аъзои оила ҳалок гардидаанд.

«Инчунин ҳодисаҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд истифода намудани нақлиёт дар маъракаҳо 650 ҳолат ва 127 ҳолати бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омадани ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо фарзандони шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорони номдор мебошанд», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки ҳоло 21,7 фоизи маҳкумшудагонро дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷавонон ташкил медиҳанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.