Иштироки Оқилов дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони ИДМ

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷаласаи ба рӯзи 31-уми майи соли равон дар шаҳри Минск таъиншудаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад. Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа имзои Протокол дар бораи минтақаи савдои озод аз 18-уми октябри соли 2011 миёни Тарафҳои он ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар […]

Аваз Юлдошев


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ҷаласаи ба рӯзи 31-уми майи соли равон дар шаҳри Минск таъиншудаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад.

Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа имзои Протокол дар бораи минтақаи савдои озод аз 18-уми октябри соли 2011 миёни Тарафҳои он ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст, ки механизмҳои ҳуқуқии муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои узви Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод муайян карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни ҷаласа ҷараёни амалисозии Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ дар соли 2012 ва дар давраи то соли 2020-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин баррасии Консепсияи таъсиси заминаи маълумоти патентҳо ва инноватсияҳои ИДМ пешбинӣ шудааст, ки ба тиҷоратикунонии босуръати натоиҷи фаъолияти илмӣ-техникӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бахши инооватсия дар паҳнои Иттиҳод мусоидат мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ инчунин масоили ҳамкориҳо дар бахши гуманитариро низ баррасӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.