Нишасти садамавии ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» дар Хуҷанд

Ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» , ки субҳи имрӯз аз фурудгоҳи Домодедово ба Хуҷанд раҳсипор шуда, бинобар ҳолати ғайримунтазира дар вақти муқаррарӣ фуруд омада натавонист, соати 09:57 дақиқа бидуни мушкилот ба майдони ҳавоӣ фуруд омад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти диспетчерии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд хабар доданд, зимни нишаст ҳеҷ мушкилоте рӯйи кор наомада, […]

Аваз Юлдошев


Ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати ҳавопаймоии

«Тоҷик Эйр»

, ки субҳи имрӯз аз фурудгоҳи Домодедово ба Хуҷанд раҳсипор шуда, бинобар ҳолати ғайримунтазира дар вақти муқаррарӣ фуруд омада натавонист, соати 09:57 дақиқа бидуни мушкилот ба майдони ҳавоӣ фуруд омад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти диспетчерии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд хабар доданд, зимни нишаст ҳеҷ мушкилоте рӯйи кор наомада, барои расонидани кӯмак ба мусофирону ҳайати халабонон ҳеҷ зарурате пайдо нашудааст. «Ба истифодаи кӯмаки гурӯҳҳои хадамоти оташнишонӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ зарурате пайдо нашуд», – гуфтанд дар фурудгоҳ.

Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» барои масраф кардани сӯзишворӣ муддати се соат дар фазои шаҳр парвоз намуд. Ба иллати кафидани шинаи шассии пояи тарафи рост ҳавопаймо имкони фуруд омаданро надошт. Дар ҳавопаймо 83 нафар мусофирону ҳайати халабонон қарор доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.