Дарёфти адабиёти динии мамнӯъ дар бозорҳои Хатлон

Барои пешгирии фурӯши адабиёт ва дискҳои сабти видео ва аудиоии динии мамнӯъ дар кишвар намояндагони Кумитаи умури дин ва муассисаи «Тоҷиккино» ба баргузории як рейд дар 10 ноҳияи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ оғоз намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини кишвар дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, рӯзи аввали санҷиш дар бозорҳои ноҳияҳои […]

Турко Дикаев


Барои пешгирии фурӯши адабиёт ва дискҳои сабти видео ва аудиоии динии мамнӯъ дар кишвар намояндагони Кумитаи умури дин ва муассисаи «Тоҷиккино» ба баргузории як рейд дар 10 ноҳияи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ оғоз намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини кишвар дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, рӯзи аввали санҷиш дар бозорҳои ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор ва Тмурмалик комиссия ҳудуди 60 адад дискҳои сабти видео ва аудиои мавъизаҳои динӣ ва даҳҳо нусхаҳои нашри чопии маводи ба ин монандро дарёфт ва мусодира кард.

Ба қавли ӯ, тамоми маводи мусодирашуда ба комиссия дахлдори Кумитаи умури дин супорида шуда, тибқи хулосаи он нисбати қонуншиканон чораҳо андешида хоҳанд шуд.

«Як адад маводи ба фурӯш гузоштаи онҳо 2 сомонӣ арзиш дорад, вале дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ, онҳо метавонанд дар ҳаҷми аз 1,5 то 2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шаванд», – иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки ба ин монанд санҷишҳо дар ҳамаи 10 ноҳияи минтақа баргузор хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.