Чанд рӯзи баъд аз эълони таъсиси Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аллакай ҳудуди 30 нафар хоҳиши пайвастан ба сафҳои онро изҳор кардаанд, ки намояндагони аҳли улум, ҳуқуқшиносон, соҳибкорон ва дигар фаъолони ҷомеа мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми май таъсиси Эътилоф эълон шуда, ба ҳайати он аъзои ҲСДТ, ҲНИТ, гурӯҳҳои ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷиистони нав», «Ваҳдат» ва намояндагони ВАО шомил гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз аъзои раёсати Эътилоф хабар дод, то имрӯз беш аз 30 нафар ба сафи онҳо пайвастаанд, ки ҳам дар дохил ва дар хориҷи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Дар ин саф метавон аз муаррихи тоҷик Камол Абдуллоев, журналист Марат Мамадшоев, роҳбари Ҷамъияти виртуалии фарҳангиву маърифатии «Тӯрон» Умед Ҷайҳунӣ, иқтисодчӣ ва шореҳи сиёсӣ Алӣ Мастов, директори созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» Комил Арешов, ҳамоҳангсози барномаҳо оид ба Тоҷикистони Агентии миллии сиёсӣ (Русия) Бахтиёр Сатторӣ ва чанде аз дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ном бурд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи афроди зикршуда тавассути
гурӯҳи махсусе
, ки бахшида ба фаъолияти иттиҳодияи нав дар шабакаи иҷтимоии Facebook ташкил шудааст, нияти узвият ба Эътилофро изҳор намудаанд.
Тавре қаблан дар
изҳороти Эътилоф
зикр гардида буд, таъсиси Эътилоф ба он хотир рӯйи кор омадааст, ки «демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳти хатар қарор доранд».



