Омодагирии Афғонистон ба бунёди роҳи оҳани минтақавӣ

Муовини вазири умури ҷомеаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Воҳид ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ояндаи наздик кишвараш ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони қисмати афғонистонии роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Муовини вазир қайд кардааст, ки қитъаи афғонистонии роҳ 231 километрро ташкил дода, минбаъд Афғонистонро тавассути роҳи оҳани минтақаи Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Аврупо мепайвандад. Ҳукуматдорони […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини вазири умури ҷомеаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Воҳид ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ояндаи наздик кишвараш ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони қисмати афғонистонии роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард.

Муовини вазир қайд кардааст, ки қитъаи афғонистонии роҳ 231 километрро ташкил дода, минбаъд Афғонистонро тавассути роҳи оҳани минтақаи Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Аврупо мепайвандад.

Ҳукуматдорони Афғонистон умедворанд, ки дар амалисозии лоиҳаи мазкур дар қаламрави Афғонистон, ба онҳо Бонки осиёгии рушд кумак хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои маъмурияти президенти Афғонистон, рӯзи душанбе раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай масъалаи сохтмони роҳи мазкурро бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баррасӣ кардааст. Вазир туркманӣ зикр кардааст, ки дар фурсати наздиктарин корҳои сохтмони роҳи оҳани мазкур дар Туркманистон оғоз меёбанд.  

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми марти соли ҷорӣ зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти Туркманистон ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон ба имзо расид.

Моҳи апрели соли равон дар Ашқобод ҷаласаи нахусти Гурӯҳи кории муштараки ҳмоҳангсоз оид ба татбиқи амалии Ёддошти тафоҳуми зикршуда доир гардида, ҳайати кишварҳо як қатор масоили марбут ба дурнамои амалисозии лоиҳа, ки ба ташкили шоҳроҳи нави роҳи оҳан нигаронида шудаву ҳалқаи муҳим дар ҳамлу нақл миёни кишварҳои қораи Осиё хоҳад гардид, баррасӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур бо масофаи умумии 400 километр ҳадди ақал 400 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Айни замон ҳукуматдорони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи воситаҳо барои сохтмони қитъаи тоҷикистонии ин лоиҳа мебошанд. Ҳафтаи гузашта

мақомоти раҳбарии Бонки исломии рушд

изҳор намуд, ки бонк ба сохтмони роҳи оҳани мазкур ба Тоҷикистон кумак ҳоҳад кард.

«Ояндаи наздик мо масъалаи маблағгузории қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳанро баррасӣ мекунем ва муҳим он аст, ки раванди баррасии масъалаи мазкур аллакай роҳандозӣ гардид», – иброз дошт президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ зимни натиҷагирӣ аз ҷаласаи навбатии Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе.

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.

Аксари коршиносон муътақиданд, ки дар сурати бунёд нагардидани роҳи оҳан бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон, ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии бисёре аз нақшаҳои худ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.