Дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкек мулоқоти дуҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин зимни суҳбат ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дахл намуда, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2012 изҳори нигаронӣ кард.
«Мо бояд сабабҳои ин тамоюлро таҳлил намуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешам ва боварӣ дорам, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст, зеро Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад», – изҳор дошт президенти Русия.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти зимни сафари порсолаи президенти Русия ба Тоҷикистон ҳосилшуда, ба тасвиб расида, татбиқи амалиашон оғоз меёбад.
Доир ба дастгирии техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти дурнамои авзои Афғонистон пас аз соли 2014, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва атрофи густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.



