Нигаронии Путин аз коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ бо Тоҷикистон

Дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкек мулоқоти дуҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин зимни суҳбат ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дахл намуда, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкек мулоқоти дуҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин зимни суҳбат ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дахл намуда, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2012 изҳори нигаронӣ кард.

«Мо бояд сабабҳои ин тамоюлро таҳлил намуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешам ва боварӣ дорам, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст, зеро Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад», – изҳор дошт президенти Русия.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти   зимни сафари порсолаи президенти Русия ба Тоҷикистон ҳосилшуда, ба тасвиб расида, татбиқи амалиашон оғоз меёбад.

Доир ба дастгирии техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти дурнамои авзои Афғонистон пас аз соли 2014, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва атрофи густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.