Даъвати муовини сардабири «Азия-Плюс» ба КДАМ

Муовини сардабири ҳафтавори «Азия-Плюс», рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Рамзия Мирзобекова барои суҳбат ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ даъват карда шуд. Кормандони Кумита даъватномаро нимаи дуюми дирӯз ба идораи ҳафтавор оварданд. Ба гуфтаи Р.Мирзобекова, нахуст кормандони Кумита ба ӯ занг зада, ба суҳбат худи ҳамон рӯз исрор варзидаанд, вале чун шарҳ додаанд, ки суҳбат расмӣ сурат […]

ASIA-Plus


Муовини сардабири ҳафтавори «Азия-Плюс», рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Рамзия Мирзобекова барои суҳбат ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ даъват карда шуд. Кормандони Кумита даъватномаро нимаи дуюми дирӯз ба идораи ҳафтавор оварданд.

Ба гуфтаи Р.Мирзобекова, нахуст кормандони Кумита ба ӯ занг зада, ба суҳбат худи ҳамон рӯз исрор варзидаанд, вале чун шарҳ додаанд, ки суҳбат расмӣ сурат хоҳад гирифт, ӯ даъватномаи расмӣ дархост кардааст.

«Даъватномаи санааш дирӯз зикршуда ва сипас ба субҳи имрӯз ислоҳшударо ман охири рӯзи корӣ гирифтам», – иброз дошт рӯзноманигор.

Аз сабабҳои даъвати рӯзноманигор идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» огаҳӣ надорад. «Ба ман танҳо гуфтанд, ки суҳбат ба фаъолияти касбии ман дахл нахоҳад дошт», – афзуд Рамзия Мирзобекова.

Фаъолони Эътилофи барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта таъсис ёфт, даъвати Рамзия Мирзобековаро ба иштироки ӯ дар фаъолияти эътилофи мазкур марбут медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.