Мусоидати СААД ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар шаҳри Бишкек ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ширкат варзиданд. Зимни натиҷагирӣ аз ҳамоиш дабири кулли СААД Николай Бордюжа изҳор намуд, ки  дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои эътилофи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли 2014, […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Бишкек ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ширкат варзиданд.

Зимни натиҷагирӣ аз ҳамоиш дабири кулли СААД Николай Бордюжа изҳор намуд, ки  дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои эътилофи Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз Афғонистон дар соли 2014, сарони кишварҳои узви созмон оид ба таҳкими таркибҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

«Дар ҳамоиш сарони кишварҳо чораҳои ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои имконпазири ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон пас аз соли 2014-ро баррасӣ намуда, оид ба тақвияти таркибҳои низомӣ дар марз, баргузории чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати мусоидат ба ҳукуматдорони афғон дар таъмини устувориву амнияти кишвар қарорҳои мушаххас қабул карданд», – гуфтааст Н.Бордюжа ба журналистон пас аз анҷоми ҳамоиш.

Ба гуфтаи ӯ, сарони кишварҳо инчунин имкони таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, таъмини шароити мусоид дар он, таъмини нерӯҳои дастаҷамъии зудамал бо аслиҳаи муосир ва ҳамкории хадамоти махсус дар мубориза бо ифротгароиро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дабири кулли САДД ҳамчунин иброз доштааст, ки сарони кишварҳо атрофи имконоти сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон низ табодули назар намудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар нишасти ғайрирасмӣ масоили вобаста ба рушди ҳамгироӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба мувофиқасозии тадбирҳои муштарак вобаста ба дурнамои авзои Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар дар соли 2014 зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, сарони давлатҳо омодагии худро ба мусоидат ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии манотиқи зери  масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таъкид доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.