Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо ҳайати Гурӯҳи ширкатҳои Даелим (DAELIM)-и Ҷумҳурии Корея таҳти сарварии директори иҷроияи ширкати Даэлим индастриал Ёо Чае-Хунг (Yoo Jae-Hyung) масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи сармоягузории лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумда истеҳсоли гази табиӣ аз ангишт баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Д.Саидов дар посух ба саволҳои меҳмонон доир ба қонунгузорӣ, шарту шароит ва муҳити сармоягузорӣ, вазъи иқтисодиву молиявӣ, низоми бонкӣ, интиқоли маблағ дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, омодагии хешро ҷиҳати дастгирии иқдомоти ширкат баҳри сармоягузорӣ намудани лоиҳаҳо дар Тоҷикистон изҳор намуд.
Тавре қайд гардид, ки дар Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои фаъолияти пурсамари сармоягузорони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Ҷаноби Ёо Чае-Хунг ҳавасмандии Гуруҳи ширкатҳои Даелим баҳри ба роҳ мондани фаъолият дар Тоҷикистонро баён дошта, ба барассии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои аз ҷониби Кумита пешниҳодшуда омодагӣ изҳор кард.
Қобили зикр аст, ки Гуруҳи ширкатҳои Даелим яке аз ширкатҳои бонуфузи Кореяи ҷанубӣ буда, фаъолияти худро дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидро-энергетика, коркарди нафт, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва объектҳои саноатӣ, тиҷорат, технологияҳои коммуникатсионӣ ва туризм анҷом медиҳад.
Ширкат дорои 15 намояндагии худ дар тамоми минтақаҳои дунё буда, дар нимаи аввали соли 2013 ҳаҷми савдои он зиёда аз 23 млрд. долл. ИМА-ро ташкил кардааст.



