Имрӯз дар ҳошияи Нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнусия дар шаҳри Вадивосток вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири нирӯи Эрон Маҷид Номҷӯ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқотҳои мазкур масъалаҳои густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия ва Тоҷикистону Эрон дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки пагоҳ, 30-юми май Гул Шералӣ дар назди ширкаткунандагони Форум суханронӣ хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар суханронӣ самтҳои авлавиятноки густариши соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ва пешниҳодҳои кишвари мо дар мавриди барқарорсозӣ ва густариши ҳамкории энергетикӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия бозтоб шаванд.


