Фишор ба аъзои Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

Узви Раёсати Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки бинобар сабаби афзоиши фишор болои аъзои иттиҳодияи нав ба таҳлука наафтода, пайвастан ба сафҳои онро идома диҳанд. Матн бо чунин изҳоротро Р.Зойиров дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба нашр расонид. Раиси ҲСДТ изҳор […]

ASIA-Plus


Узви Раёсати Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки бинобар сабаби афзоиши фишор болои аъзои иттиҳодияи нав ба таҳлука наафтода, пайвастан ба сафҳои онро идома диҳанд. Матн бо чунин изҳоротро Р.Зойиров дар

саҳифаи худ

дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба нашр расонид.

Раиси ҲСДТ изҳор мекунад, ки чанде қабл, 28-уми май фишор болои аъзои Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёфтааст.

«Мо ҳанӯз дирӯз хабар дода будем, ки яке аз аъзои Эътилоф, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуда, ҳамчунин нисбат ба Қирғизбек Канунов, намояндаи ҷавонон дар Эътилоф низ фишор меафзояд ва ин фишор то андозаест, ки таъҷилан аз кор сабукдӯши кардан ва маҳдуд сохтани дигар ҳуқуқҳои ӯро талаб кардаанд», – иброз медорад Зойиров.

Ба эътиқоди ӯ, субҳи имрӯз Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Ризоев низ ба КДАМ даъват шуда, айни замон баёнот медиҳад.

Раҳматилло Зойиров аз аъзои Эътилоф даъват ба амал меоварад, ки ба воҳима наафтода, ба қонунӣ таъсис дода шудани Эътилоф шубҳа накунанд ва хоҳишмандонро барои узвият ба Эътилоф даъват мекунад.

Ҳайати Раёсати Эътилоф аз 9 нафар, аз ҷумла раиси Консорсиуми ҳуқуқӣ Раҳматилло Зойиров, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, намояндаи Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов, сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов, узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ Шодавлат Шонусайриев, раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова, Маҳадмурод Одинаев (падари маҳбус Маҳмурод Ризоев) ва Қирғизбек Канунов ҳамчун намояндаи ҷавонон иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.