Лиссабон дар Душанбе сафир таъин карданист

Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо сафири Португалия дар Русия Марио Годино Де Матос бо хоҳиши эшон мулоқот орост. Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар доираи суҳбат масоили дурнамои ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Португалия баррасӣ гардиданд.  Сафири ин кишвар аз ҷумла гуфт, ки табодули таҷрибаи кишварҳои мо дар ҳалли мушкилоти минтақавии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо сафири Португалия дар Русия Марио Годино Де Матос бо хоҳиши эшон мулоқот орост.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар доираи суҳбат масоили дурнамои ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Португалия баррасӣ гардиданд.  Сафири ин кишвар аз ҷумла гуфт, ки табодули таҷрибаи кишварҳои мо дар ҳалли мушкилоти минтақавии захираҳои обӣ метавонанд барои ҷонибҳо муфид бошанд.  Ӯ аз ҷумла дар бораи мушкилоти мавҷудаи баҳсноки миёни кишвараш ва Испания, ки дар натиҷаи муколимаи солим ҳалли худро ёфтааст, маълумот дод.  Бино бар суханони Сафир, 3 дарёи бузурге, ки аз аз қаламрави Португалия ҷориянд, хамагӣ аз Испания сарчашма мегиранд ва мушкилоти баҳсҳои обии миёни кишварҳо дар доираи ҳамоийиш дар Иттиҳоди Аврупо ҳалли мусолиматомези худро ёфтаанд.

Сафири Португалия аз сафари  ҳайати кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла  Тоҷикистон ба Лиссабон, ки чанде пештар ба вуқӯъ пайваста буд, ёдовар шуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои мулоқоту нишастҳои ҷонибҳо дар рафти ин сафар, дар ҳалли баҳсҳои мушкилоти ҳавзаҳои обии минтақа мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, сафири Тоҷикистон ҳамтои португалии худро бо таърих ва фарҳанги бою ғании кишвар, азму талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ дар мавриди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, беҳдошти вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно намуда, дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи мо дар ҷомеаи байналмилалӣ маълумот дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, Тоҷикистон манфиатдори рушди муносибатҳои неку судманд бо Португалия низ мебошад.

Дар поёни мулоқот, сафири Португалия дар Русия  Марио Годино Де Матос хабар дод, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро дорад, зеро интизор меравад, ки кишварашро аз ин пас дар ҷумҳурии мо низ намояндагӣ кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.