Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тавассути ағбаи Хобуробот (Сағирдашт), ки маркази ҷумҳуриро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меайвандад, аввали моҳи июн барқарор мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, чанде қабл як гурӯҳи кории вазорат ҷиҳати барқарор намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилгард дар роҳи автомобилгарди Лабиҷар – Тавилдара – Қалъаихум (тавассути ағбаи Хобуробот) ба навоҳии ВМБК сафар кард. Ҳамчунин дар ин сафар роҳи аз Қалъаихум то Кӯлоб аз санҷиш гузаронида шуд.
«Ҳангоми муоинаи роҳу пулҳо ва иншооти дигари роҳдорӣ баъзе нуқсонҳо ошкор гаштанд ва дар ин иртибот ба мутасаддиён дастур дода шуд, ки ҳама камбудиҳоро то охири моҳи май ислоҳ намуда, аз омода будани роҳ ва оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилгард тавассути ағбаи Хобуробот маълумот диҳанд», – зикр мегардад дар иттилои вазорат.


