Боздиди намояндагони ҳукумати Канада аз АНМН

Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо таҳлилгари калони байналмилалии котиботи кабинети ҳукумати Канада доктор Хэлэн Белопольский ва мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Кэтрин Ивкофф баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ Р.Назаров дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо таҳлилгари калони байналмилалии котиботи кабинети ҳукумати Канада доктор Хэлэн Белопольский ва мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Кэтрин Ивкофф баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ Р.Назаров дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми ҳукумат дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкасбон аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Директор оид ба фаъолияти АНМН дар самти назорати маводи мухаддир, инчунин дар бораи дастовардҳо ва дурнамои инкишофи Агентӣ, дар бораи вазъи минтақа баъди баровардани нерӯҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014, инчунин оид ба гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию пешгирикунандаи зиддимухаддиротии Агентӣ ва мақомоти дахлдори Афғонистон дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ба меҳмонон маълумот дод. Директор ҳамзамон ба саволҳои меҳмонон ҷавоб гардонид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар кори мустаҳкам кардани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва сӯйистеъмоли мухаддирот изҳори ақида карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.