Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 майи соли ҷорӣ бо даъвати ҳамтои худ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имконоти Ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон» ба шаҳри Екатеринбург сафари корӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, ҳангоми сафар З. Ализода бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони зиёда аз 30 минтақаҳои Русия мулоқот намуда, дар вохӯриҳо масоили ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, зимни сафари корӣ З.Ализода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Самара Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мақсади асосии он мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ин минтақаи Русия мебошад.
Қобили зикр аст, ки қаблан чунин Созишномаҳо бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Русия, вилояти Свердловск ва шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расида буданд.


