Баррасии қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

Лоиҳаи қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ баррасӣ шуд, аз ҷониби ҳукумати кишвар бо мақсади роҳандозии сиёсати ягона дар бахши муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ҳамчунин ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини бехатарии он таҳия гардидааст. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ, […]

Аваз Юлдошев

Лоиҳаи қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ баррасӣ шуд, аз ҷониби ҳукумати кишвар бо мақсади роҳандозии сиёсати ягона дар бахши муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ҳамчунин ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини бехатарии он таҳия гардидааст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ, захоири обӣ ва замини МНМО ҶТ Саиди Ёқубзод дар ин робита изҳор намуд, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба ҷалби сармоя ва бурсҳо ҷиҳати таъмини бехатарии партовҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад, ки ҳаҷми он дар кишвар беш аз 55 млн. тонна (асосан дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ) арзёбӣ мешавад.

«Айни замон ба масъалаи таъмини бехатарии партовҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон асосан Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир месозанд», – гуфт номбурда.

Дар идома ӯ зикр кард, ки масъалаи баррасии лоиҳаи қонуни мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 5-уми июн  баргузор мегардад, ворид карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.