Ҳисоботи раҳбарияти вилояти Хатлон ба президент

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул ва Қубодиёну Шаҳритус телефонӣ ҳисобот доданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи онҳо ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, хусусан аз заминҳои обӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир […]

ASIA-Plus


Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул ва Қубодиёну Шаҳритус телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи онҳо ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, хусусан аз заминҳои обӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои ташкили хуби кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки ҳосили ғалладонаи заминҳои обӣ бояд ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ шуда, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба мавзӯи ҷамъоварӣ ва содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар ва ҳамчунин ба захира намудани хӯроки чорво зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки имсол обу ҳаво барои афзун намудани нишондодҳо дар самти кор басо мусоид омадааст.

Сарвари давлат ба Ғайбулло Авзал ва роҳбарони ноҳияҳои номбурдаи вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.