Тавсия ба тоҷикони дар Туркия қарордошта

Дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ, ки тӯли 10 рӯзи ахир дар аксари шаҳрҳои бузурги Туркия идома доранд, шаҳрвандони тоҷик осеб надидаанд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, кормандони сафорат ба донишҷӯёни муқими ин кишвар мулоқот ороста, аз онҳо дархост кардаанд, ки комилан эҳтиёткор бошанд ва зимни гирдиҳамойиҳои эътирозӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд. Ёдрас мекунем, […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ, ки тӯли 10 рӯзи ахир дар аксари шаҳрҳои бузурги Туркия идома доранд, шаҳрвандони тоҷик осеб надидаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, кормандони сафорат ба донишҷӯёни муқими ин кишвар мулоқот ороста, аз онҳо дархост кардаанд, ки комилан эҳтиёткор бошанд ва зимни гирдиҳамойиҳои эътирозӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки муддати 10 рӯзи ахир дар Туркия гирдиҳамойиҳои зиддидиҳукуматӣ идома доранд. Тазоҳургарон мухолифи исломишавии кишвар ва ҳукуматро ба он айбдор мекунанд, ки ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат мекунад. Нахуствазир Эрдуғон бар ин назар аст, ки ин амалҳо аз ҷониби ифротгароён созмон дода шудаанд. Шумори осебдидагон аз ин тазоҳурот аз 3 ҳазор нафар зиёд буда, дар бораи 3 ҳалокшуда иттилоъ дода мешавад.

Чанде аз коршиносони тоҷик ин ҳодисаҳоро идомаи баҳори араб дониста, як зумра онро амалҳои зиддисломӣ унвон мекунанд.

Мутахассиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Бахтиёр Холиқов дар ин робита мегӯяд, ин амалҳо кори дасти ба истилоҳ «ҷавонони маърифатнок» аст, ки аз сиёсати ҳукумат норозӣ буда, тағйирот мехоҳад. «Ин бетартибиҳо аз хориҷи кишвар дастгирӣ мешаванд ва анерӯҳое мавҷуданд, ки аз сиёсати пешгирифтаи Туркия дар минтақа норозианд ва бо истифода аз камбуду мушкилоти иҷтимоӣ ба вазъ дахолат ва бо ҳамин восита ҳукуматро иваз карданианд», – чунин мешуморад номбурда.

Дар робита ба сар задани бетартибиҳои оммавии ахир дар Туркия раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон

Шодӣ Шабдолов

изҳор кард, ки ин ҳодисаҳо раванди ногузир буда, оқибати сиёсати исломгароёнаи нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебошад.

Сиёсатмадор ва рӯҳонии шинохтаи тоҷик

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

дар ин маврид чунин ибрози андеша намуд, ки комёбиҳои  дар замони ҳукмронии ба истилоҳ нерӯҳои исломӣ дар Туркия бадастомада, қобили қабули доираҳои сиёсии зиддисломии кишварҳои минтақа нестанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.