Бетаваҷҷуҳӣ ба аҳволи журналисти гуруснанишин

Журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов, ки аз рӯзи 6-уми июн гуруснанишинӣ эълон кард, изҳор намуд, ки дар ин муддат касе аз аҳволи ӯ напурсидааст ва ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон инсон ҳеҷ қадре надорад. «Ман ҳаминро исбот карданӣ будам. Охир гуруснанишинро дар саросари ҷаҳон эъон мекунанд ва бояд як аксуламале ба ин зоҳир […]

ASIA-Plus


Журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов, ки аз рӯзи 6-уми июн гуруснанишинӣ эълон кард, изҳор намуд, ки дар ин муддат касе аз аҳволи ӯ напурсидааст ва ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон инсон ҳеҷ қадре надорад.

«Ман ҳаминро исбот карданӣ будам. Охир гуруснанишинро дар саросари ҷаҳон эъон мекунанд ва бояд як аксуламале ба ин зоҳир гардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ман гуруснанишинии сиёсӣ ва бемуҳлат эъон кардам. Дар ин бора ҳама менависанд, вале ба ҷуз журналистон, касе ба ҳоли ман таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва то замоне, ки дар Тоҷикистон мардум ҳамин тавр ба якдигар бетафовутанд, ҳуқуқҳои онҳо поймол гардида, ба ғорату таҳқири онҳо идома хоҳанд дод», – чунин мешуморад С.Бурҳонов.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки алҳол худро хуб ҳис намуда, ба истилоҳ дар «гуруснанишинии озод» аст ва касе ӯро назорат надорад.

Дар посух ба саволи ОИ «Азия-Плюс» перомуни сабаби хеле пештар, яъне дар давраи печидатар шудани ин мушкилоти зикршуда неву маҳз дар ин замон ба гуруснанишинӣ даст задан, номбурда гуфт, ӯ қаблан ҳам дар саҳфаҳои матбуот дар ин бора ибрози назар карда буд ва ҳатто китоби «Филькина грамота»-ро ба нашр расонидааст. «Аммо дар кишвари мо ҳеҷ касе ба ин таваҷҷуҳ надорад ва аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки гуруснанишинии сиёсии бемуҳлат эълон кунам», – афзуд журналист.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми июн журналисти мустақили тоҷик Сафват Бурҳонов

гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ

эълон кард.

Сафват Бурҳонов журналисти мустақил буда, қаблан дар нашрияҳои мустақиле чун «Нерӯи сухан» ва «СССР» фаъолият дошт. Муассиси созмони «Салом» мебошад, ки фаъолияти он ба нармсозии муносибатҳои миёни Душанбеву Тошканд нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.