Таъсиси Гурӯҳи баҳодиҳӣ ва посух ба ҲФ дар ВМКБ

Бонки Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати аз ҳама обсебпазир ба ҳолатҳои фавқулодда ва тағийроти иқлим дар Авруосиё арзёбӣ менамояд . Ҷомеаҳои дурдасти баландкӯҳи Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ аз қабили: фурӯравии сел дар натиҷаи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, ярч (лағжиши замин), тарма ва заминҷунбӣ зуд-зуд дучор мешаванд. Бо мақсади коҳиш додани хавфу хатар ва баланд бардоштани […]

Иттилоияи расмӣ


Бонки Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати аз ҳама обсебпазир ба ҳолатҳои фавқулодда ва тағийроти иқлим дар Авруосиё арзёбӣ менамояд

.

Ҷомеаҳои дурдасти баландкӯҳи Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ аз қабили: фурӯравии сел дар натиҷаи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, ярч (лағжиши замин), тарма ва заминҷунбӣ зуд-зуд дучор мешаванд. Бо мақсади коҳиш додани хавфу хатар ва баланд бардоштани қобилияти ҷомеа дар посухгардонӣ ба офатҳои табиӣ, ФОКУС дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва бо дастгирии молиявӣ аз тарафи Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба Кӯмакҳои Башардӯстона ва Муҳофизати Шаҳрвандӣ (ECHO) дар доираи Барномаи омодагӣ ба офатҳои табиии марҳилаи 7-ум (ДИПЕКО) аввали моҳи июн дар шаҳри Хоруғ дарси омӯзишӣ оиди «Гурӯҳи баҳодиҳӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ» барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор намуд.

Ин омӯзиши ҳафтрӯза 30 нафар намояндагони ташкилотҳои давлатї ва ғайридавлатиро гирдиҳам овард. Дар давоми омӯзиш диққати асосӣ ба баландбардории дониши иштирокунандагон оиди дарк намудани даврҳои идоракунии вазъиятҳои фавқулодда, банақшагирии ҳамкориҳои байнимуассисавӣ ҳангоми рух додани вазъиятҳои фавқулодда ва банақшагирию омодагӣ ба офатҳои табиӣ дода шуд. Чунин маҳорату донишҳо барои иштирокунандагон имконият медиҳанд, то ки онҳо боз ҳам беҳтар ба офатҳои табиӣ посух диҳанд ва бад-ин васила дараҷаи осебпазирии ҷомеаҳоро коҳиш диҳанд. Дарси омӯзишӣ аз тарафи Ҷеффери Кленк – мутахассиси дорои таҷрибаи 20-сола дар гузарондани омӯзишҳо оиди омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ, барои кормандони давлатӣ ва ғайридавлатӣ гузаронда шуд.

ФОКУС ташкилоти шарики иҷрокунандаи Барномаи ДИПЕКО буда, дар тӯли 10 сол фаъолиятҳои коҳиши хавфу хатар ва осебпазирӣ аз офатхои табииро дар зиёда аз 250 ҷомеаҳои осебпазир амалӣ менамояд. Фаъолиятҳои ФОКУС аз баҳодиҳӣ ба дараҷаи осебпазирии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ байни калонсолон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, иҷро намудани лоиҳаҳои хурди митигатсионӣ, омӯзиши ризокорон дар сатҳи ҷамоат, таъсиси гурӯҳҳои посухдиҳӣ дар мактаб ва ҳамчунин таъмини тақвияти қобилияти техникии муассисаҳои маҳаллӣ, ки бо идоракунии офатҳои табиӣ сару кор доранд, иборат мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио