Оғози кори иҷлосияи ғайринавбатии МММО ҶТ

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МММО ҶТ) ба кор шурӯъ кард. Иҷлосияи мазкур бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми июн даъват шуд. Бино ба иттилои қаблии сомонаи расмии сарвари давлат, дар иҷлосия Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МММО ҶТ) ба кор шурӯъ кард. Иҷлосияи мазкур бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми июн даъват шуд.

Бино ба иттилои қаблии сомонаи расмии сарвари давлат, дар иҷлосия Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонун «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» баррасӣ мешаванд.

Ба ҳар ҳол, коршиносон ва шореҳони сиёсӣ аз иҷлосияи имрӯза чизи бештареро интизоранд, зеро бар ин назаранд, ки ҳеҷ кадоме аз қонунҳои пешниҳодшуда тасдиқи таъҷилӣ аз ҷониби палати болоии парлумонро тақозо надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.