БАТР: Бахши бонкии ҶТ мушкилоти ҷиддӣ дорад

Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдиди рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Улф Хиндстрем бар ин назар аст, ки дахолати ҳукумат ба фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ яке аз мушкилоти ҷиддии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон аст. «Ин мушкилотро Хазинаи байнулмилалии асъор низ зикр намуда, он ба чанде аз бонкҳо зиёни ҷиддӣ ворид кард ва ба роҳандозии ҳамкориҳои бисёр созмонҳо бо […]

Пайрав Чоршанбиев


Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдиди рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Улф Хиндстрем бар ин назар аст, ки дахолати ҳукумат ба фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ яке аз мушкилоти ҷиддии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон аст.

«Ин мушкилотро Хазинаи байнулмилалии асъор низ зикр намуда, он ба чанде аз бонкҳо зиёни ҷиддӣ ворид кард ва ба роҳандозии ҳамкориҳои бисёр созмонҳо бо бонкҳои маҳаллӣ монеъа эҷод мекунад, – мегӯяд ӯ. – Ман боварӣ дорам, ки ҳукумат то чӣ андоза ҷиддӣ будани ин мушкилотро дарк намуда, умедворем, ки ояндаи наздик ин мушкилот бартараф мешавад».

Ба қавли Хиндстрем, яке аз ин мушкилот дар он аст, ки мансабдорони давлатӣ ба бонки муайяне супориш медиҳанд, ки қарзи мушаххасе ҷудо кунад ва дар ин сурат тартиботи ҷоришуда барои дигар мизоҷони бонк риоя намешавад, «яъне дар таҷрибаи мо  ин аллакай қарздиҳии ҳадафнок номида мешавад».

Дар робита ба вазъи буҳронӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк», ки БАТР саҳҳомаш аст, Хиндстрем изҳор намуд, ки «тамоми мушкилоте, ки имрӯз дар ин бонк рӯйи кор меояд, ба оғози қарздиҳии ҳадафнок дар он ҷо марбут аст».

«Дар ҳамдастӣ бо ҳукумат ва роҳбарияти бонк мо ба ислоҳи вазъ кӯшиш дорем ва аз лиҳози фаннӣ ман ин бонкро яке аз муассисаҳои ҳирфаӣ ва дорои омодагии хуб мешуморам. Мутмаинам, ки мушкилоти ин бонк ҳаллу фасл хоҳад шуд», – афзуд роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки

моҳи апрели

соли равон Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои идоракунии ҶСК «Агроинвестбонк» як дастаи мутахассисони маъруфи хориҷиро ҷалб намояд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио