Ҳоло замонест, ки рӯшанфикрони насли гузашта дигар чунон асару таъсире бар ҷомеа надоранд, ки пештар доштанд ва рӯшанфикрони насли нав ҳанӯз коре барои ҷомеа анҷом надодаанд. Ин аст назари коршиноси тоҷик Умед Ҷайҳонӣ.
Ба андешаи ӯ, ҳар касе, ки хирадварзу донишманду ҳушёр бошад ва битавонад ин доштаҳояшро барои худогоҳӣ додан ба мардум ва роҳнамоияшро барои пешрафт ба кор барад, рӯшанфикр аст.
«Бино бар таърифе, рӯшанфикр касест, ки бинише огоҳона, мантиқӣ ва дур аз хурофаву таъассуб дошта ва боварманд ба нақшу арзиши донишу фарҳанг дар пешрафти ҷомеа ва беҳрӯзии мардум бошад», – мегӯяд Ҷайҳонӣ.
Ӯ таъкид дошт, ки ҳамин гуна касонанд, ки бо кӯшишу талошу рӯшангариву огоҳсозияшон ҷомеаро пеш мебаранд. Ҳамин гуна касон ҳангоме ки ҳама бофтҳои ҷомеа аз ҳам густаста мешаванд ва кишвар рӯ ба нобудӣ мениҳад, барои ҷомеа роҳи наҷот пешниҳод мекунанд.
«Ногуфта пайдост, ки имрӯз Тоҷикистон чунин рӯзгоре дорад ва агар рӯшанфикрон битавонанд роҳе ба миллат нишон диҳанд, ки худро наҷот диҳад ва ё қаҳрамононе падид оварад, ки битавонанд ҳаққи миллатро аз давлат бигиранд ва ҷомеъаро ба сӯи дигаргуниҳо роҳнамоӣ кунанд, метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон рӯшанфикрон вуҷуд доранд. Мо ҳамакнун дар замоне қарор дорем, ки рӯшанфикрони насли гузашта дигар чунон асару таъсире бар ҷомеа надоранд, ки пештар доштанд ва рӯшанфикрони насли нав ҳанӯз коре барои ҷомеа анҷом надодаанд. Рухдодҳоро бояд аз пайомадашон арзёбӣ кард», – меҳисобад Ҷайҳонӣ.
Дар робита ба ин, коршиноси дигари тоҷик Дагихудо Дагиев мегӯяд, зиёӣ афродеро метавон номид, ки барои пешрафту пешбурди ҷомеа ҷавобгару ӯҳдадор бошад. Зиёӣ нафарест, ки бо нерӯи касбӣ ва илму хирад фарҳанги мардумиро дар ҷомеа меофарад ва ба ин васила ба сӯи ояндаи нек ҷомеаро рушанӣ мебахшад.
«Зиёӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама макон нақши меъморгарро дораду мебозад. Мутаасифона, дар ҷомеаи тоҷик зиёӣ ҳамеша ҳам аз дидгоҳи фарҳангӣ ва ҳам аз дидгоҳи зеҳнӣ мавқеи заиф дошт. Ин аст, ки ҳаргиз нақши меъмори фарҳангиро бозида натавонист, на дар замони Шуравӣ ва на дар даврони истиқлол», – гуфт коршинос.



