Пешвои салафиҳои Тоҷикистон аз зиндон озод шуд

Date:


Пешвои ғайрирасмии ҳаракати динии «Салафия» дар Тоҷикистон Эшони Сироҷиддин аз маҳбас озод шуд. Ӯ соли 2009 тибқи моддаи 189-и КҶҶТ (Барангехтани низоъи мазҳабӣ ва миллӣ) ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов хабар дод, имрӯз, 24-уми июн муҳлати ҳабси Сироҷидддин Абдураҳмонов (Эшони Сироҷиддин) ба итмом расид.

Ба қавли ӯ, се сол аз муҳлати ҳабси умумии Эшони Сироҷиддин таҳти афви «тиллоӣ» аз 20-уми августи соли 2011 бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти кишвар қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки  моҳи июли соли 2009 дар яке аз масҷидҳои маҳаллаи Зарафшони пойтахт як гурӯҳи ҷонибдорони ҳаракати фаъолияташ дар ҷумҳурӣ мамнӯъи «Салафия» боздошт шуданд, ки миёнашон пешвои ғайрирасмии ҳаракат дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Абдураҳмонов низ ҳузур дошт. Ҳафт нафари ба узвият дар ин ҳаракат айбдоршуда ба муҳлатҳои гуногун – аз 5 то 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Пешвои салафиҳои Тоҷикистон Эшони Сироҷиддин ба 7 ва писараш Киромиддин Абдураҳмонов ба 7 соли зиндон маҳкум гардида, ахирӣ дар афви «тиллоӣ» аз маҳбас озод шуд.

Моҳи январи соли 2009 бо қарори Суди олии Тоҷикистон ҳаракати «Салафия» ба рӯйхати созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон шомил гардид. Беш аз 10 созмони динӣ имрӯз фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудааст. Дар ин саф аз «Ал-Қойида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон (ҲИӮ)», «Толибон», «Ихвон-ул муслимин», «Ташкилоти Лашкари Тайиба», Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамоати Таблиғ», «Салафия» метавон ном бурд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...