Пешвои салафиҳои Тоҷикистон аз зиндон озод шуд

Пешвои ғайрирасмии ҳаракати динии «Салафия» дар Тоҷикистон Эшони Сироҷиддин аз маҳбас озод шуд. Ӯ соли 2009 тибқи моддаи 189-и КҶҶТ (Барангехтани низоъи мазҳабӣ ва миллӣ) ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов хабар дод, имрӯз, 24-уми июн муҳлати […]

ASIA-Plus


Пешвои ғайрирасмии ҳаракати динии «Салафия» дар Тоҷикистон Эшони Сироҷиддин аз маҳбас озод шуд. Ӯ соли 2009 тибқи моддаи 189-и КҶҶТ (Барангехтани низоъи мазҳабӣ ва миллӣ) ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов хабар дод, имрӯз, 24-уми июн муҳлати ҳабси Сироҷидддин Абдураҳмонов (Эшони Сироҷиддин) ба итмом расид.

Ба қавли ӯ, се сол аз муҳлати ҳабси умумии Эшони Сироҷиддин таҳти афви «тиллоӣ» аз 20-уми августи соли 2011 бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти кишвар қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки  моҳи июли соли 2009 дар яке аз масҷидҳои маҳаллаи Зарафшони пойтахт як гурӯҳи ҷонибдорони ҳаракати фаъолияташ дар ҷумҳурӣ мамнӯъи «Салафия» боздошт шуданд, ки миёнашон пешвои ғайрирасмии ҳаракат дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Абдураҳмонов низ ҳузур дошт. Ҳафт нафари ба узвият дар ин ҳаракат айбдоршуда ба муҳлатҳои гуногун – аз 5 то 7 соли зиндон маҳкум шуданд.

Пешвои салафиҳои Тоҷикистон Эшони Сироҷиддин ба 7 ва писараш Киромиддин Абдураҳмонов ба 7 соли зиндон маҳкум гардида, ахирӣ дар афви «тиллоӣ» аз маҳбас озод шуд.

Моҳи январи соли 2009 бо қарори Суди олии Тоҷикистон ҳаракати «Салафия» ба рӯйхати созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон шомил гардид. Беш аз 10 созмони динӣ имрӯз фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудааст. Дар ин саф аз «Ал-Қойида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон (ҲИӮ)», «Толибон», «Ихвон-ул муслимин», «Ташкилоти Лашкари Тайиба», Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамоати Таблиғ», «Салафия» метавон ном бурд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.