Боздиди дурӯзаи намояндаи махсуси ИА аз Тоҷикистон

Рӯзҳои 21-22-юми июни соли равон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Патрисия Флор аз Тоҷикистон боздид намуд. Чӣ тавре ки аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи аввал ӯ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Шермаҳмад Шоҳиён,  раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин намояндагони мухолифин мулоқот намуд.  Рӯзи […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 21-22-юми июни соли равон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Патрисия Флор аз Тоҷикистон боздид намуд.

Чӣ тавре ки аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи аввал ӯ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Шермаҳмад Шоҳиён,  раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин намояндагони мухолифин мулоқот намуд.  Рӯзи 22 июн сафир Флор ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, бо намояндагони сохторҳои расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтугузор намуд.

Дар рафти мулоқотҳояш Сафир Флор масоили сиёсӣ ва амният, бо диди такомули вазъ дар Афғонистон, ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуд. Бо шарикон сафир Флор тавонист мубодилаи афкор оиди вазъи волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, инчунин озодии ВАУ ва риояи ҳуқуқи мухолифин гузаронад. Сафир Флор муҳимияти гузаронидани интихоботи озоду боадолатонаро дар моҳи ноябри пешомада таъкид намуд, ки он ба субот ва такомули мамлакат мусоидат хоҳад намуд. Флор инчунин масоили захираҳои обӣ ва нерӯро баррасӣ намуда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро дар расонидани кӯмак ба тадбирҳои таъхирнопазир дар соҳаи нерӯ, ба мисоли босамар истифода бурдани захираҳои нерӯ, таъкид намуд.

Дар шаҳри Хоруғ сафир бо раиси Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ ва раиси шаҳри Хоруғ мулоқот анҷом намуд. Флор афзуд, ки ИА кӯшишҳои ҳукумати марказӣ ва маҳаллиро барои такомули иҷтимоӣ ва иқтисодии Бадахшони Куҳӣ ва равобити хуби сарҳадиро бо Афғонистон дастгирӣ менамояд.  Хонум Флор инчунин бо кумитаҳои маҳалла ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот намуда, масоили ривоҷ ва вазъи занон дар мамлакатро баррасӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.