Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонсҳо, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво барои 29-30-юми июн

Анонсҳо – Рӯзҳои 29-30-юми июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аксияи пойгаи автомобилии  «Шоҳроҳи Ваҳдат» (Душанбе-Хуҷанд) баргузор мегардад. Дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 130 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи мамлакат дастаҷамъона бо воситаи нақлиётҳои шахсӣ тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ ба вилояти Суғд сафар менамоянд; – Аз 29-уми июн то 3-юми июл дар маҷмааи […]

ASIA-Plus


Анонсҳо


– Рӯзҳои 29-30-юми июн

бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аксияи пойгаи автомобилии  «Шоҳроҳи Ваҳдат» (Душанбе-Хуҷанд) баргузор мегардад. Дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 130 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи мамлакат дастаҷамъона бо воситаи нақлиётҳои шахсӣ тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ ба вилояти Суғд сафар менамоянд;


– Аз 29-уми июн то 3-юми июл

дар маҷмааи сайёҳии «Роял Явроз» (дараи Ромит) Лагери осиёимиёнагии инноватсияҳои иҷтимоӣ доир мегардад, ки дар кори он 80 нафар барномасозони ҷавон, ороишгарон (дизайнерҳо), рӯзноманигорон, соҳибкорон ва намояндагони фаъоли ҷомеа аз Тоҷикистиону Қазоқистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ширкат меварзанд;


– 29-уми июн

дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистион (собиқ Кохи иттифоқҳои касаба) мусобиқоти Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба бодибилдинг баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00.


Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои 29-уми июн муқаррар кардааст


1 доллари ИМА

–  4.7655 сомонӣ;


1 евро

– 6.1824 сомонӣ;


1 рубли русияг


ӣ

– 0.1500 сомонӣ.


Як рӯзи таърих


29 Июн

Рӯзи ихтироъкорон ва ратсионализаторон.


1953

– Ифтитоҳи осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар ноҳияи Ҳисор.


1957

– Ҷашнвораи нахустни ҷумҳуриявии ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.


30 Июн


1940

– Ифтитоҳи комбинати гӯшт дар Душанбе.


1905

– Зодрӯзи Арбоби давлатӣ ва низомӣ Раҷабалӣ Ҷалилов.


1941

– Мавлуди журналист Зарнигор Шодӯстмамадова.


1952

– Зодрӯзи актёри театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов.


1953

– Мавлуди оҳангсоз Константин Тушинок.


1954

– Зодрӯзи доктори улуми филологӣ, адабиётшинос Умринисо Казакова.


1970

– Мавлуди Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ.


Обуҳаво


Обуҳавои р


ӯ


зи 29-уми июни соли 2013


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд


— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар кӯҳҳо баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ


  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон


— Обуҳавои




тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +22+27;  дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +12+17.


Дар шаҳри Душанбе


— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +34+36.


Обуҳавои р


ӯ


зи 30-юми июн


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд


— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар кӯҳҳо баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ


  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон


— Обуҳавои




тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +13+18.


Дар шаҳри Душанбе


— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +34+36.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.