Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

1 Июл Анонс – Аз 29-уми июн то 3-юми июл дар маҷмааи сайёҳии «Роял Явроз» (дараи Ромит) Лагери осиёимиёнагии инноватсияҳои иҷтимоӣ доир мегардад, ки дар кори он 80 нафар барномасозони ҷавон, ороишгарон (дизайнерҳо), рӯзноманигорон, соҳибкорон ва намояндагони фаъоли ҷомеа аз Тоҷикистиону Қазоқистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ширкат меварзанд; Қурби асъор 1 доллари ИМА –  4.7655 сомонӣ; […]

ASIA-Plus



1 Июл



Анонс


– Аз 29-уми июн то 3-юми июл

дар маҷмааи сайёҳии «Роял Явроз» (дараи Ромит) Лагери осиёимиёнагии инноватсияҳои иҷтимоӣ доир мегардад, ки дар кори он 80 нафар барномасозони ҷавон, ороишгарон (дизайнерҳо), рӯзноманигорон, соҳибкорон ва намояндагони фаъоли ҷомеа аз Тоҷикистиону Қазоқистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ширкат меварзанд;



Қурби асъор


1

доллари ИМА

–  4.7655

сомонӣ;


1

евро

– 6.1824

сомонӣ;


1

рубли русиягӣ

– 0.1500

сомонӣ.



Як рӯзи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ.


1960

– Нерӯҳои дифоъи зиддиҳавоии шӯравӣ дар фазои болои баҳри Баренс ҳавопаймоии ҷосусии Амрикоро нобуд карданд.


1931

– Мавриди истифода қарор гирифтани конҳои ангиштсанги № 1-3 дар Шӯроб.


1939

– Ифтитоҳи корхонаи таъмири автомобилҳои Конибодом (баъдтар – корхонаи механикӣ, корхонаи «Қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо», ҶС Бодом»).


1915-1982

– Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулҳамид Нурматов.


1932-1984

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ Мунира Яъқубова.


1935

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳотам Пӯлодов.


1951

– Мавлуди журналист Судуриддин Маҳкамов.


1951

– Зодрӯзи журналист Саломиддин Мирзораҳматов.


1952

– Мавлуди олим, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.


1959

– Зодрӯзи журналист Зарринаи Хушвақт.


1969

– Мавлуди оҳангсоз Хайриддин Ализода.



Обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар кӯҳҳо баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +13+18.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +34+36.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.