Бонки миллии Тоҷикистон тахмину овозаҳои баъзе аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чумҳуриро дар мавриди дар муомилот пайдо шудани пулҳои қалбакии миллӣ инкор менамояд.
Мувофики иттилои Бонки Милли Точикистон, дар соли чорӣ дар муомилот ягон адад пулҳои тақаллубӣ ошкор ва мусодира нашудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуотии БМТ гуфтанд, танҳо ба хотири пешгирӣ кардани хатар аз зарари эҳтимолии ворид шудани пулҳои қалбакӣ ва дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ БМТ ба муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ, соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шуъбаҳои минтақавӣ нома ирсол намуда, тавсия дода буд, ки ҳангоми додугирифти маблағҳои пулӣ эҳтиёткор бошанд ва нисбати ин масъала чиддӣ бошанд.
БМТ кайд менамояд, ки пулҳои коғазии миллӣ дорои унсурҳои муосири химиявӣ буа, ҳама гуна амалҳои тақаллубӣ, аз қабили кӯшишҳои чопи пулҳои қалбакиро барбод медиҳанд.


