Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳамасола дар арафаи идҳои Наврӯз, Рӯзи ваҳдат ва Рамазон тӯйҳои хайриявии арӯсӣ ва суннатиро аз оилаҳои ниёзманди пойтахт баргузор намояд.
Матлаби мазкур дар чаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси шаҳри Душанбе доир гардид, ироа шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории тӯйҳои хайриявии дастачамъона риояи муқаррароти танзими расму ойин, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд ва беҳдошти вазъи ичтимоии хонаводаҳост.
Бо ин мақсад комиссияи марбутаи чамъиятӣ аз ҳисоби вакилони Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва фаъолони шаҳр созмон дода хоҳад шуд, ки интихоби чуфтҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ ва кӯдаконро дар тӯйҳои суннатӣ назорат мебаранд. Баргузории тӯйҳои хайриявӣ дар марзи шаҳри Душанбе минбаъд бо қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе, ки рӯзҳои наздик таҳия ва ба тасвиб мерасад, ба танзим дароварда хоҳанд шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар «Боғи пойтахт» тӯйи суннатии беш аз 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди Душанбе ва субҳи Рӯзи ваҳдат -27 июн дар толори «Душанбе Плаза» бо ҳузури президенти кишвар ва шаҳрдори Душанбе тӯйи арӯсии 64 чуфти чавон аз 4 ноҳияи пойтахт барпо карда шуда буд, ки ба кӯдакон ва навхонадорон хони тӯёна ороста шуда, ҳадяҳо инъом гардиданд.


