Шиносоии раиси вилояти Суғд бо нархҳо дар бозори «Панҷшанбе»

Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон раиси вилояти Суғд бо мақсади аз наздик ошно гардидан бо нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар ин давра аз бозори бузургтарини минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – «Панҷшанбе» боздид кард. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода бо фаъолияти нуқтаҳои фурӯши бозор аз наздик шинос шуда, аз тоҷирон даъват ба […]

Мавлуда Рафиева


Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон раиси вилояти Суғд бо мақсади аз наздик ошно гардидан бо нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар ин давра аз бозори бузургтарини минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – «Панҷшанбе» боздид кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода бо фаъолияти нуқтаҳои фурӯши бозор аз наздик шинос шуда, аз тоҷирон даъват ба амал овард, ки нархи маҳсулотро боло набаранд.

Тибқи мушоҳидаҳо, имрӯзҳо нархи баъзе маҳсулот поин рафтааст, аз ҷумла нархи гӯшт ба андозаи 10% ва биринҷ – 15%.

Зимни суҳбат бо раиси вилоят тоҷирони бозор изҳор намуданд, ки ба туфайли дар моҳи Рамазон аз ҷониби маъмурияти бозор кам шудани пардохти ҳақмузди иҷора, поин бурдани нархи маҳсулот муяссар шудааст.

Намояндагони маъмурияти бозор изҳор карданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон тамоми кишоварзону фермерони хоҳишманди шаҳру навоҳии вилоятро ба таври ройгон бо нуқтаи фурӯш дар бозор таъмин мекунанд.

«Бобати беҳбуди вазъи санитарии бозор, шароити кори фурӯшандагон ва ҳамчунин асфалтпӯшонии роҳҳои дохилии бозор раиси вилоят ба маъмурияти бозори бузургтарини минтақа супоришҳои мушаххас дод», – афзуданд дар хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.