Дар зарфи шаш моҳи соли равон беш аз 480 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол ҳудуди 571 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки 480 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 51 ҳазор нафар баробар аст.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 472 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 7 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.
Дар ин давра беш аз 230 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки 197 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 33 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 745 ҳазор нафар (беш аз 87 ҳазор нафарашон занон) аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 6 ҳазор нафар камтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.


